7 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Муродтеппаи ноҳияи Носири Хусрав бо рафти корҳои бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 шинос шуданд.
Иншооти мазкур дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтори ноҳия бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шуда истодааст.
Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, барои 320 ҷойи нишаст дар як баст мебошад. Иншооти мазкур бо саҳми падару модар, соҳибкорон ва мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии ноҳия сохта шуда истодааст. Мувофиқи нақша то 1-уми сентябр ба истифода дода мешавад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суҳбат бо сохтмончиён ва омӯзгорони муассиса ба кори онҳо баҳои хуб дода, ташаббуси эшонро шоистаи таҳсин хонданд. Инчунин, раиси вилоят гуфтанд, ки мизу курсӣ ва дигар лавозимоти таълимӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъмин карда мешавад.
Бояд зикр намуд, ки барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ тибқи маълумотҳои оморӣ дар вилоят 2762 адад биною иншоотҳо ба маблағи умумии 2 млрд. 58 млн. 92,7 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон