НОСИРИ ХУСРАВ: РАИСИ ВИЛОЯТ БА ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “НЕЪМАТҶОН-2010” ШИНОС ШУДАНД


7 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Носири Хусрав аз хоҷагии деҳқонии “Неъматҷон-2010” дидан намуданд.

Хоҷагии мазкур соли 2010 таъсис дода шуда, дорои 3 гектар замин аст. Саҳмдорони хоҷагӣ ба парвариши кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, картошка, пиёзи барвақтӣ ва ғалладонагиҳо машғул мебошанд.

Хоҷагидор кишти пахтаро дар майдони 1,80 га, гандум 0,60 га, картошка 0,10 га ва пиёзро 0, 50 га ба роҳ монда, 7 тонна пиёз аз 0,10 га ҳосил рӯёнидааст.

Давлаталӣ Саид ба кишоварзону боғдорон ва масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия барои истифодаи самараноки ҳар порча замин, рӯёнидани ҳосили дилхоҳ, таъмини фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои кишвар, содироти он ва дар ин замина саҳм гузоштан дар яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ дастуру тавсияҳои муфид доданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles