4 июн, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ бо рафти бартарафсозии офати табии бавуқуъомадаи рӯзи 25 майи соли 2024 дар деҳаи Сурхоби ҷамоати деҳоти Хутан ноҳияи Фархор шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз бо истифода аз техникаҳои муҳандисӣ, аз ҷумла 2 адад экскватор, 1 адад мехлапата, 12 адад автомашинаҳои боркаш ва ҳашари дастаҷамъона бо ҷалби 140 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия кӯчаҳои деҳаи номбурда ва 40 хоҷагӣ аз селовардҳо тоза карда шуда, молу ашёи онҳо ба ҷойи бехавф интиқол дода шудаанд.
Инчунин, аз тарафи хадамоти санитарию эпидемиологӣ дар ноҳия бехатарии одамон ва безараргардонии кӯчаҳои деҳаи осебдида бо ҷалби 1 адад автомашинаи махсуси дорупошӣ ва 3 адад дастгоҳҳои дорупошӣ бо моеи хлор 5 кӯчаи деҳаи номбурда пурра безарар гардонида шуд.
Барои муайян намудани дараҷаи вайроншавии биноҳои истиқоматӣ Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳия 38 адад манзилҳои истиқоматиро аз назар гузаронид. Дар натиҷаи азназаргузаронӣ муайян карда шуд, ки то имруз 19 адад манзилҳои истиқоматӣ бо пуррагӣ дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, ки минбаъд дар онҳо зиндагонӣ кардани шаҳрвандон ғайриимкон мебошад. Дар 19 адад манзилҳои истиқоматии боқимонда об даромада, намнокии зиёд ба назар мерасад, ки то паст шудани намнокӣ зиндагонӣ кардан хавфнок ба ҳисоб меравад. Корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ин самт идома дорад.
Сарвазири мамлакат ҷиҳати мусоидати мушкилоти мардум ба масъулин супоришҳо доданд ва таъкид намуданд, ки дар ҳама ҳолатҳои ногувор дар паҳлуи мардум бошанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон