4 июн, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ аз рафти нашъу намои зироатҳои кишоварзӣ (картошка, каду, ғалладонагиҳо) ва кишти такрории пахта дар хоҷагии деҳқонии “Нодир”-и ноҳияи Фархор огоҳ шуданд.
Ба Сарвазири мамлакат иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии “Нодир”, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хутан дар майдони умумии 162 гектар ташкил гардида, аз ин 40 гектарашро боғи зардолу, 6 гектар боғи слива ва 5 гектари дигарашро боғи анор ташкил медиҳад.
Аз аввали мавсим хоҷагии мазкур барои истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ тибқи дурнамо ба роҳ монда, дар майдони 70 гектар ғалладона, 15 гектар пахта, 5 гектар картошка, 1 гектар помидор, 6 гектар пиёз, 6 гектар каду ва 2 гектар тарбуз кишт намудааст. Аз майдони умумии ғаллазор хоҷагӣ ба ҳисоби миёна ба миқдори 47 сентнерӣ ҳосил рӯёнидааст.
Гуфта шуд, ки аз ҳосили зироатҳои ба дастоварда хоҷагӣ ҳар сол бозори истеъмолии ноҳияро таъмин менамояд. Баъди ҷамъоварии ҳосили якум, яъне пиёз хоҷагӣ дар майдони 6 гектар кишти пахтаро ба роҳ мондааст. Майдони пахтазори хоҷагӣ дар ҳолати хуби агротехникӣ қарор дошта, мақсад дорад, ки ҳосилнокиро аз ҳар як гектар то ба 40 сентнерӣ расонад.
Сарвазири мамлакат таъкид намуданд, ки дар шароити кунунӣ истифодаи босамари замин, гирифтани зиёда аз ду ҳосил аз он, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ аз ҳоҷагидорон масъулияти аз ҳарвақта дида бештарро тақозо менамоянд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон