ФАРХОР. БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ МИНТАҚАИ ХАВФНОКИ СОҲИЛИ РОСТИ ДАРЁИ ПАНҶ


4-уми июн дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷиҳати шинос шудан бо рафти бартарафкунии оҳибатҳои офати табиӣ, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, парвариши зироату истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва раванди созандагиҳо ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Хатлон сафар намуданд.

Зимни сафари корӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳонашон аз минтақаи хавфноки соҳили рости дарёи Панҷ дар ноҳияи Фархор боздид намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки минтақаи хавфноки соҳили рости дарёи Панҷ бо дарозии 200 метр воқеъ дар деҳаи Муҳоҷирободи ҷамоати деҳоти Дарқад буда, бо дастгирии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 адад автокрани борбардор, бо дастгирии сардори шуъбаи КДАМ-и Ҷумурии Тоҷикистон дар ноҳия 1 адад автокрани борбардор, бо дастгирии сардори шуъбаи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 1 адад автокрани борбардор ва бо дастгрии сардори шуъбаи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 3 адад автокран барои бор кардани тахтасангҳо аз деҳаи Чӯбек, дар умум 6 адад автокран ва зиёда аз 181 адад техникаҳои борбардор (трейлер, дулан, камаз) аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кулоб ба мавзеи деҳаи Муҳоҷиробод барои васл кардани тахтасангҳои бетонӣ ва оҳанӣ сафарбар карда шудаанд.

Ҳамчунин бо дастури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва мусоидати намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия генерал-лейтинант Умаров М.Ғ. аз деҳаи Чӯбеки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба миқдори 1200 адад, бо дастури раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Р. Назарзода аз қисми ҳарбии 45085-и Кумита ба миқдори 204 адад, аз мавзеи Кокули ноҳия ба миқдори 116 адад ва амбори ИДБЗ ва обёрии ноҳия ба миқдори 578 адад, дар маҷмуъ 2094 адад тахтасангҳои бетонӣ ва оҳанӣ ба мавзеи хавфноки деҳаи Муҳоҷиробод кашонида шуда бо 3 адад автокран, 1 адад мехлапата ва 1 адад экскватор васл намуда, соҳил мустаҳкам карда шуд.

Инчунин аз ҳисоби Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2000 метр, Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия 960 метр, дар умум бо маблағи 222000 сомонӣ ва бо дасгирии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 2 баста симтаноб бо маблағи 160000 сомонӣ ва 300 литр сузишвории дизелӣ бо маблағи 33900 сомонӣ кӯмак расонида шуд. Дар ин робита дар мавзеи осебпазир корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома дорад.

Сарвазири мамлакат аснои шиносоӣ ба масъулин дастур доданд, ки ҳарчи зудтар бояд хатар бартараф карда шавад, зеро мардум дар фазои сулҳу амният ба кору фаъолият машғул шаванд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles