4 июн, зимни сафари корӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳонашон дар шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз ҳолати варзишгоҳи марказии ноҳия огоҳ гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки майдони варзишии ноҳия соли 1985 барои 2500 тамошобин сохта шуда, майдони умумии он 2,78 гектарро ташкил медиҳад. Дар варзишгоҳи мазкур асосан машқу тамрин ва бозиҳои дастаи футболи «Сарҳадчӣ» гузаронида мешаванд.
Дастаи футболи «Сарҳадчӣ»-и ноҳия аз соли 2022 то ин ҷониб дар лигаи якуми Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, дар ин давра дар варзишгоҳ зиёда аз 40 бозиҳои футболи сатҳи ҷумҳуриявӣ гузаронида шуданд.
Шариоити ҳозираи варзишгоҳ барои гузаронидани бозиҳои футболи лигаи якум ба талабот ҷавобгӯ набуда, дар баргузор намудани бозиҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ мушкилот эҷод мегардад. Аз ин лиҳоз, зарурати азнавсозии варзишгоҳ ва ба талаботҳои стандартӣ мувофиқ гардонидани он ба вуҷуд омадааст.
Сарвазири мамлакат ҷиҳати ташкили шароити мусоид барои ҷавонону варзишгарони ноҳия дар самти ташкили тамринҳои ҳаррӯза, гузаронидани мусобиқаҳои гуногуни ноҳиявию вилоятӣ ва ташкили чорабиниҳои варзишӣ имконоти дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон