ҲАМАДОНӢ. БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАШХИСУ ТАБОБАТӢ ВА СТОМАТОЛОГӢ


4 июн, зимни сафари корӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Файзободи деҳоти Даштигулои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Маркази ташхису табобатӣ ва стоматологӣ шинос шуданд.

Бинои маркази ташхису табобатӣ ва стоматологӣ дар деҳаи Файзободи деҳоти Даштигуло иловатан ба нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Азизов Азиз бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ба маблағи 7 миллион сомонӣ сохта шуда истодааст.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии бино 500 метри мураббаро ташкил дода, аз ду ошёна иборат аст. Дар ошёнаи якум ташхисгоҳ, дорухона, маҷлисгоҳ, утоқ барои ЭКГ ва дар ошёнаи дуюм утоқи ҷаррооҳии ҷоғи руй, утоқи духтури муолиҷавии дандон, утоқи духтури имплантолог, утоқи духтури ортодонг, утоқи духтури ортопантомограмма, лаборотория барои тайёр кардани дандон ва утоқ барои безарар гардонидани асбобҳои стоматологӣ ҷойгир мебошад.

Роҳ то маркази мазкур мумфарш ва роҳрави назди он сафолакпӯш карда шуда, бо гулу гулбуттаҳои рангоранг оро дода мешавад. Баъди пурра ба истифода додани иншоот 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба иҷрои корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, истифодаи самараноки имконоти мавҷуда ва таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии аҳолиро дар ҳамаи самтҳо муҳим шуморида, чунин иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони маҳаллиро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуданд.

Инчунин, аснои шиносоӣ бо кормандони соҳаи тиб мулоқот намуда, аз онҳо иҷрои хизматрасонии босифати тиббиро барои аҳолӣ талаб намуданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles