ҲАМАДОНӢ. БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ БАЙНИ ДЕҲАҲО


4 июн, зимни сафари корӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳонашон бо рафти корҳои таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди байни деҳаҳои Файзобод ва Тагноби деҳоти Даштигуло, Анҷиркон, Сафедоб, Кодара ва Сафар Гадоии деҳоти Панҷрӯд то шаҳраки Москва шинос шуданд.

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба беҳдошти вазъи роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта ва роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта аҳамияти зарурӣ дода шудааст. Яке аз иншоотҳои асосие, ки дар доираи чорабиниҳо мавриди истифодабарӣ қарор дода мешавад, ин мумфаршкунии роҳи мошингарди байни деҳаҳои Файзобод ва Тагноби деҳоти Даштигуло, Анҷиркон, Сафедоб, Кодара ва Сафар Гадоии деҳоти Панҷрӯд то шаҳраки Москва мебошад.

Ба Сарвазири мамлакат иттилоъ доданд, ки роҳи мазкур 14,5 километрро дар бар гирифта, деҳаҳои Файзобод ва Тагноби деҳоти Даштигуло, Анҷиркон, Сафедоб, Кодара ва Сафар Гадоии деҳоти Панҷрӯд, деҳаи Боғи деҳоти Қаҳрамон ва шаҳраки Москваро мепайвандад. Роҳи мазкур асосан солҳои 60-уми асри гузашта бунёд гардида буд.

Бо гузашти солҳо роҳи мазкур дар масофаи зикргардида таъмирталаб ва ҳаракати нақлиёти боркашу мусофиркаш мушкил гардид. Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавсозии он ба нақша гирифта шуд.

Корҳои сохтмонӣ дар роҳи мазкур аз аввалҳои моҳи майи соли ҷорӣ аз тарафи соҳибкорони ватанӣ, маҳаллӣ ва бо ҷалбӣ аҳолӣ ба маблағи 15 миллион сомонӣ оғоз гардида, дар ҳаҷми 4,5 миллион сомонӣ корҳои азнавсозӣ ба анҷом расонида шуданд. Паҳноии роҳ 6,0 метрро ташкил дода, бо ғафсии 8 см мумфарш карда мешавад.

Сарвазири мамлакат иқдоми мазкурро шоистаи таҳсин хонда, ба масъулин дастур доданд, ки иншоотҳои ҷашнӣ дар вақти муқарраргардида бо сифати баланд сохта ба истифода дода шаванд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles