ҲАМАДОНӢ. БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ФАБРИКАИ ПАРРАНДАПАРВАРӢ


4 июн, зимни сафари корӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Даштигулои ҷамоати деҳоти Даштигулои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар фабрикаи паррандапарварии Кооперативи тиҷоратии “Наҷмуддини Ҳаёт” шинос шуданд.

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи паррандапарварӣ тадбирҳои зиёде амалӣ гардида истодаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Даштигулои ҷамоати деҳоти Даштигуло барои таъмини аҳолӣ бо гушти парҳезии мурғ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Назаров Бобомурод фабрикаи паррандапарварӣ ба маблағи зиёда аз 2,9 миллион сомонӣ бунёд гардида истодааст.

Ба Сарвазири мамлакат иттилоъ доданд, ки масоҳати умумии фабрика 0,36 гектарро ташкил дода, таҷҳизотҳои он аз хориҷи кишвар, асосан аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шуда, бунёди фабрика ду марҳиларо дар бар мегирад. Марҳилаи якуми сохтмони он дар соли 2021 ба анҷом расида, парвариши 13700 парранда ба роҳ монда шудааст.

Марҳилаи дуюми сохтмони фабрика бошад, барои парвариши боз 16300 парранда ба маблағӣ зиёда аз 1,7 миллион сомонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, дар маҷмӯъ парвариши 30 ҳазор парранда ба роҳ монда мешавад, ки зиёда аз 20 нафар шаҳрвандони ҳудуди ҷамоат бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Гуфта шуд, ки айни замон сохтмони бинои асосии фабрика ва ҷобаҷогузории таҷҳизотҳои он пурра ба анҷом расида, корҳои андовакунӣ, рангуборкунии бино, сохтмони роҳравҳо ва кабудизоркунии атрофи фабрика идома доранд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода саҳми соҳибкорони ватандӯстро дар таъмин намудани сокинон ҷойҳои нави корӣ шоистаи таҳсин хонда, ин ташаббусҳоро барои дигарон намунаи ибрат хонданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles