ВОСЕЪ. БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПИЁЗ, ҒАЛЛАДОНА ВА КИШТИ ТАКРОРИИ ПАХТА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИЛҲОМ”


Имрӯз, 4 июн, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Шобикаи ноҳияи Восеъ аз ҷамъоварии ҳосили пиёз, ғалладона ва кишти такрории пахта дар хоҷагии деҳқонии “Илҳом” боздид намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқони “Илҳом” дар майдони умуми 30 гектар замини корами обӣ таъсис дода шуда, дар он пахта 17 гектар, пиёз 2,5 гектар, полезӣ 2 гектар, гандум 5 гектар, беда 2 гектар ва 1,5 гектар боғ, 1 гектар замини пиёз кишт карда шудааст. Ҳосили пиёз имсол ҷамоварӣ карда шуда, ҳосилноки 523 сентнер дар як гектарро ташкил медиҳад. Бо мақсади самаранок истифодабарии замин дар ҷойи ҷамоварии пиёз 1 гектар кишти такрории пахта гузаронида шудааст.
Яке аз самтҳои дигари фаъолияти хоҷагӣ кишти пунбадона ба ҳисоб рафта ҳамасола, баъд аз ҷамъоварии ҳосили пиёз, пунбадона кишт менамояд.

Ба Сарвазири мамлакат иттилоъ дода шуд, ки то ин вақт 1 гектар ҳосили пиёз ҷамъоварӣ шуда, 523 сентнер ҳосил ба даст овардаанд.

Бо ҳамин роҳ ҳамасола хоҷагӣ номгӯи зиёди зироати кишоварзиро кишт карда, аз самараи дастранҷи худ дар беҳбудии рӯзгори саҳмдорон ва сатҳи иқтисодии хоҷагӣ саҳмгузорӣ мекунанд. Соли дуюм аст, ки хоҷагӣ бо роҳандозии таҷрибаи нави истеҳсолӣ дар масоҳати 2,5 гектар пиёзи барвақтӣ ба роҳ монданд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо деҳқонон суҳбати самимӣ намуда, ба меҳнати садоқатмандонаи онҳо дар самти кишту парвариш ва истеҳоли маҳсулоти тозаи табиӣ баҳои баланд доданд.
Таъкид карда шуд, ки дар шароити кунунӣ истифодаи босамари замин, гирифтани зиёда аз ду ҳосил аз он, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи кофии маводи ғизоӣ ва таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ аз ҳоҷагидорон масъулияти аз ҳарвақта дида бештарро тақозо менамоянд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles