ВОСЕЪ. БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ХАТИ ОБҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ ВА РАФЪИ ОБҲОИ ПАРТОБ


4 июн, дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳонашон ҷиҳати шинос шудан бо рафти бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, парвариши зироату истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва раванди созандагиҳо ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд ноҳияи вилояти Хатлон сафар намуданд.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бо ҷараёни корҳои сохтмонии хати обҳои зеризамини ва рафъи обҳои партоб (канализатсия) шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони хати обҳои зеризаминӣ ва рафъи обҳои партоб воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Ҳулбук дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ бо ташаббуси Дирексияи сохтмонии иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аз тарафи ҶДММ “Авлиёхуҷа” сохта шуда истодааст.

Бо бунёд гардидани сохтмони хати обҳои зеризаминӣ ва рафъи обҳои партоб дар маҷмӯъ зиёда аз 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Гуфта шуд, ки айни замон дар марҳилаи якум корҳои қубурхобонӣ ба анҷом расида, масъалаи асфалтпӯш намудани мавзеъҳои кандашуда идома дорад.

Инчунин, дар шаҳраки Ҳулбук бо масофаи 4,6 километр роҳҳои дохилӣ мумфарш гардидаанд, ки ин иқдомро Сарвазири мамлакат шоистаи таҳсин хонданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles