ХАТЛОН. АЁДАТИ КӮДАКОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД


Имрӯз, 31 май, дар доираи сиёсати инсондӯстона ва хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супориши раиси вилояти Хатлон муовини раиси вилоят Абдусаломзода Анзурат бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба аёдати 6 оилае, ки кӯдакони маълул доранд, рафтанд.

Нахуст дар ноҳияи Кӯшониён аз ҳолу аҳволи онҳо хабардор гардида, ба оилаҳои эшон кӯмаки моливу пулӣ аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон расониданд.

Инчунин, ба 15 нафар модароне, ки кӯдаконашон нав ба дунё омаданд, шаҳодатномаи таваллуд тақдим гардид.

Зикр гардид, ки кӯдакони маълул ҳамеша зери ғамхориҳои давлату ҳукумат қарор дошта, аз ҳолу аҳволашон масъулин доимо огоҳ мегарданд.

Барои таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, хусусан кӯдакони маълул, оид ба нигоҳубину парасторӣ, таҳсили бепул, таъминот бо нафақа, хобгоҳ, ҷойи кор ва беҳтар намудани вазъи моддии онҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои зиёде андешида шудаанд.

Ғамхорӣ намудан ба кӯдакони ятиму бепарастор, дастгирии иҷтимоии кӯдакони маълул ва оилаҳои камбизоат яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба ҳисоб меравад.

Тибқи маълумотҳои расмӣ дар вилояти Хатлон 564 нафар ятимони кулл, аз ин 127 нафарашон то синни 18 сола ва 437 нафарашон донишҷӯён мебошанд. Ҳамчунин 13073 нафар кӯдакони маълули синни то 18 сола ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳар моҳа бо нафақапулӣ таъмин карда мешаванд.

Дар заминаи ҳимояи махсуси давлат қарор додани кӯдакони ятим ва оилаҳои ниёзманд, дар вилоят 14 адад муассисаҳои интернатӣ бо фарогирии 2145 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат, аз ҷумла 28 нафарашон ятимони кулл, фаъолият карда истодаанд, ки дастгирии доимии онҳо дар мадди назари ҳамешагии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қарор дошта, саривақт ба онҳо кӯмаку дастгириҳо расонида мешавад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles