ДАНҒАРА. ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ КВДҶ “ТОҶИКАГРОЛИЗИНГ”


Дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара имрӯз, 24 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, директори КВДҶ “Тоҷикагролизинг” Юсуф Акрамзода ва раиси ноҳия Сиҷоуддин Саломзода дар деҳаи Шаҳбури ноҳияи бинои маъмурии КВДҶ “Тоҷикагролизинг”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сохтмони бинои мазкур, дар асоси маблағгузори КВД “Тоҷик-2” соли 2019 оғоз гардида, дар масоҳати умумии 0,50 гектар метри мураббаъ сохта шудааст.

Иншоот аз 2 ошёна иборат буда, дар он 12 адад утоқи корӣ барои кормандон, порисаҳо барои ҷойгиркунонии комбайнҳо ва 6 адад тавақуфгоҳи техникаҳо пешбинӣ шудааст. Арзиши умумии харҷномавии бинои мазкур 6 миллион сомониро ташкил менамояд.

Бояд зикр намуд, ки Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти мамлакат бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои пахта, тақсимоти тракторҳои тасмачархро дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ соли ҷорӣ ба роҳ монда буд.

Вилояти Хатлон вилояти аграрӣ буда, кишоварзони он дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар саҳми арзанда доранд.

Раиси вилоят дар синфхонаҳои таълимии тракторчӣ, комбайнёр ва харротӣ бо хонандагон ҳамсуҳбат шуда, аз вазъи таълими онҳо шинос шуданд.

Дар саҳни бино намоиши техникаву мошинолоти кишоварзӣ ташкил гардида, иттилоъ доданд, ки онҳо барои хоҷагиҳои деҳқонӣ хизмат мерасонанд.

Раиси вилоят таъсиси муассисаи мазкурро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кардид, ки дар таъмини мардум ба маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат хоҳад намуд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles