ДАНҒАРА. БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МАРҲИЛАИ ДУЮМИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ҚУБУРҲОИ ПОЛИЭТИЛЕНӢ ВА ДАРҲОИ ОҲАНИНУ ЧӮБИН

Дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара имрӯз, 24 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси ноҳия Сиҷоуддин Саломзода ба марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Сиёвуш – Ёқуб” ҳусни ҳусни оғоз бахшиданд.

Марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсолии ҶДММ “Сиёвуш – Ёқуб” дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди саноатикунонии кишвар дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иншооти ҷашнӣ бунёд гардидааст.

Корхона дар ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара воқеъ буда, аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Салимов Ҳаким Фатҳуддинович бунёд гардидааст. Масоҳати умумии бино 0,94 гектарро дар бар мегирад. Корхона бо роҳи қарзи фонди соҳибкорӣ дар ҳаҷми 2 100 000 сомонӣ бунёд гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки таҷҳизотҳои замонавии корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудааст. Дар иншооти навбунёди мазкур зиёда аз 20 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷои кор таъмин гардидаанд. Сохтмони иншоот бо қувваи худи соҳибкор ба роҳ монда шудааст.

Саҳни ҳавлии корхона бетонпӯш шуда, дар атроф ва роҳравҳои он гулҳои рангорангу дарахтони ороишӣ шинонида шудааст.

Дар марҳилаи дуюми корхона – истеҳсоли қубурҳои пластикӣ (полипропиленый труба) ба роҳ монда шуда, бо ҳаҷми 5 андоза (20, 25, 32, 40, 50, 63) дар ҳарорати оби гарм ва хунук истеҳсол мешавад. Иқтидори лоиҳавии корхона дар як шабонарӯз 4 200 метр ва дар 1 сол 1 512 000 метрро ташкил медиҳад. Инчунин, дар корхона дарҳои оҳанину чубин низ истеҳсол мешавад.

Роҳбарияти корхонаи мазкур нақша дорад, ки дар марҳилаи сеюм боз як корхонаи истеҳсолии дигарро ба истифода диҳад, ки дар он зиёда аз 50 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шаванд.
Айни ҳол дар корхонаи мазкур 110 нафар сокинони маҳаллӣ кор ва фаъолият карда истода, бо сару либоси корӣ, ҷойи зист барои кормандони дурдаст, хӯроки 2-вақтаина ва бо маоши хуб (аз 2500 то 4500) таъминанд.

Давлаталӣ Саид, раиси вилоят бо кормандон суҳбат намуда, аз шароити кориашон пурсон шуданд ва зимни суҳбат кормандон аз вазъи кориашон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Раиси вилоят саҳми соҳибкорро дар рушду нумуи ватан шоиста арзёбӣ намуда, барои обод намудани як гӯшаи диёр, таъмини ҷойҳои нави корӣ сипосгузорӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles