ДАНҒАРА. ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШИИ УНИВЕРСАЛӢ ДАР НАЗДИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ


Дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара имрӯз, 24 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, раиси ноҳия Сиҷоуддин Саломзода дар назди беморхонаи марказии ноҳияи Данғара майдончаи варзишии универсалиро ба истифода доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки майдончаи варзишии универсалӣ барои табибон ва кормандон буда, дар иншооти варзишӣ барои бозиҳои футболи хурд шароити муносиб муҳайё карда шудааст.

Атрофи майдонча чароғон карда шуда, имкони шабона машғул гардидан ба намудҳои гуногуни варзиш низ мавҷуд мебошад.

Иншоот имкон медиҳад, ки табибону кормандон ва ҷавонон бештар ба варзиш машғул шаванд ва бо истифода аз чунин имконияти барояшон фароҳамгардида, саҳми худро дар рушди варзиш гузоранд.

Иншооти мазкур бо дастгирӣ аз сиёсати варзишпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҷалби ҷавонону наврасон ба тарзи ҳаёти солим ва рушди инфрасохтори варзиш сохта шуд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба масъулин дастур доданд, ки дар оянда низ чунин тадбирҳоро бештар анҷом дода, шароити муосири ба варзиш машғул шудани сокинонро таъмин намоянд.

Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Аснои шиносоӣ раиси вилоят ба ташаббускорон барои муҳайё намудани чунин шароити мусоид изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, иқдоми созандаи онҳоро намунаи ибрат хонданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles