http://www.president.tj/node/33488
24 май дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея Ю Донг-Тунгсуро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти мулоқот масоили таҳкиму густариши муносибатҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақомро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Ҳар ду ҷониб аз ҳолати феълии робитаҳои Тоҷикистону Корея изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Зимни мулоқот рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои муҳими сиёсӣ, байнипарлумонӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ муҳокима гардид.
Таъкид шуд, ки бунёди корхонаҳои истеҳсоли зарфҳо ва пластинаҳои офтобӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара”, ки имрӯз барои сохтмони онҳо санги асос гузошта шуд, оғозбахши марҳалаи нави рушди ҳамкорӣ хоҳад гардид.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ инчунин масоили мубрами минтақавию ҷаҳониро баррасӣ намуданд.