24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарикорӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, дар деҳаи Яккатути деҳоти Корези ноҳия ба фаъолияти Маҷмааи фарҳангию фароғатии “Насими диёр” расман оғоз бахшиданд.
Иншоот ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби як гурӯҳ соҳибкорони маҳаллӣ шудааст.
Дар ҳудуди маҷмаа майдони бозиҳои кӯдакона, варзишгоҳ барои футбол бо 840 ҷойи нишаст ва тарабхона бо 150 ҷой бунёд шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз инфрасохтору шароити фароҳамгардида ва ба сифати корҳо баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкоронро дар самти дастгириву татбиқи барномаву стратегияҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи ибрат арзёбӣ намуданд.
Варзишгоҳи маҷмаа дар заминаи татбиқи Барномаи давлатии рушди футбол барои солҳои 2022-2026 бунёд гардидааст. Майдони муосир макони хуб барои баргузории мусобиқаҳои футбол мебошад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси ҷавонмардонаи соҳибкорро намунаи ибрат хонда, ба фаъолият оғоз кардани иншоотро ҷиҳати рушди сайёҳӣ ва татбиқи ҳадафҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар дар самти рушди деҳот неку муассир арзёбӣ намуданд.