Тибқи дастури раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилоят силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, илмиву маърифатӣ, оммавию варзишӣ ва солимгардонӣ таҳти унвони “Дар сиёсати Пешвои миллат устуворем!” барпо мегардад.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои моҳвораи ҷавонони вилоят баргузории мизҳои мудаввар дар мавзуи “Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ”, “Ҷавонон ва ҷомеа”, “Ҷавонон муҳофизони марзу буми меҳан”, “Сарбози Ватан”, барномаҳои фарҳангии “Ҳоло ки ман ҷавонам” дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳру ноҳияҳо, ҳамоишҳои минтақавии гирандагони стипендияи президентӣ дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб, ташкили тамошои дастаҷамъонаи намоишҳои театрӣ ва саёҳати ҷавонон ба мавзеъҳои таърихӣ, ёдгориҳои фарҳангӣ, осорхонаҳо, вохӯриҳо бо ҷавондухтурони ятим ва тибқи квотаи президентӣ дар донишгоҳу коллеҷҳо таҳсилдошта, конфронси илмӣ-назариявӣ ва аксияи иттилоотӣ дар мавзуи “Оилаи солим – асоси пешрафти ҷомеаи солим”, аёдати сарбозони қисмҳои ҳарбии ҳудуди вилоят, аз ҷониби фаъолон, модарон ва ҷавонони синни даъватӣ, ташкили ҳашарҳои умумӣ таҳти шиори “Ин Ватанро мо – ҷавонон сабзу хуррам мекунем”, баргузории “Дави миллӣ” ва марафони велосипедронӣ ва як қатор мусобиқаҳои варзишӣ пешбинӣ гардидааст.
Хароҷоти чорабиниҳои моҳвораи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз ҳисоби маблағҳои пешбинигардидаи “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2022-2026” дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо анҷом дода мешавад.
Ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар маркази маъмурии вилоят – шаҳри Бохтар мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо фаъолҷавонон ба нақша гирифта шудааст.