Бо мақсади тақвият бахшидани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва таъмини иштироки фаъолияти аҳли ҷомеа дар раванди созандагию бунёдкорӣ айни ҳол дар Кохи фарҳанги маркази маъмурии вилояти Хатлон семинари машваратию дастурдиҳӣ таҳти унвони “Тақвияти фаъолияти идеологӣ дар шароити муосир” ҷараён дорад.
Дар ин ҳамоиш ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода, муовинони раиси вилоят Музаффар Мирзозода ва Анзурат Абдусаломзода, муовинони идеологии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар фаъолони вилоят иштирок доранд.