Имрӯз, 19 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз маҳали омодагии кишоварзон ба корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дидан намуданд.
Дар ин рӯз техника ва мошинҳои корҳои саҳроиро ба нақша гирифтанд. Боридани барф низ ҳазорҳо гектар заминҳои шудгоршуда ва боғотро дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо намии зарурӣ таъмин намуд.
Бояд тазаккур дод, ки солҳои охир маҳз аз ҳисоби рушди иқтисодиёт кишоварзон имкон пайдо карданд, ки техникаҳои амалиёташон гуногуни кишоварзиро харидорӣ кунанд.
Зиёд шудани техникаҳои марбути корҳои саҳро ин имтиёз ва таъсиси нуқтаҳои КВД “Тоҷикагролизинг” барои хоҷагидорон аст, ки то имрӯз дар доираи даҳҳо миллион сомонӣ ба хоҷагиҳо трактор ва дигар дастгоҳу таҷҳизотҳои кишоварзиро тариқи лизинг дастрас гардонидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин мавсим дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кишти пунбадона зиёда аз 8 ҳазор гектарро дар бар гирифта, 60 адад тухмипошак ба кишт сафарбар мешаванд.
Раиси вилояти Хатлон бо гурӯҳи корӣ бо хоҷагидорон суҳбат карда, оид ба бандубасти тухмипошакҳо, дуруст ҷобаҷогузории қисмҳо ва сихмолаву алафдаравакҳо маслиҳатҳои муфид доданд.
Таъкид гардид, ки заҳматкашони вилоят бояд аз ҳавои мусоид истифода намуда, баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ камари ҳиммат бубанданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон