САФАРИ БОБАРОРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА ВИЛОЯТИ СВЕРДЛОВСКИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

Аз 14 то 16 феврали соли 2024 сафари раиси вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ба вилояти Свердловски Федератсияи Россия ба вуқӯъ пайваст.

Дар фурудгоҳи байналмилалии “Колтсово”-и шаҳри Екатеринбург раиси вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидро иҷрокунандаи вазифаи Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Людмила Берг истиқбол ва гусел намуд.

Дар чаҳорчӯбаи ин сафар мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо муовини Губернатори вилояти Свердловск Дмитрий Ионин баргузор гашт. Дар ин мулоқот аз ҷониби тоҷикистонӣ тамоми аъзои ҳайати вилоятӣ, аз ҷумла шаш раиси шаҳру ноҳия, ва аз ҷониби россиягӣ Вазири сармоягузорӣ ва рушди вилояти Свердловск Вадим Третяков ва Вазири комплекси агросаноатӣ ва бозори истеъмолии вилояти Свердловск Анна Кузнетсова иштирок намуданд.Дар ҷараёни ин мулоқот тамоми ҷанбаҳои муҳими робитаҳои судманди байнивилоятӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аъзои Ҳукумати вилояти Свердловскро барои иштирок дар форумҳои байналмилалӣ оид рушди сайёҳӣ ва масъалаҳои озуқаворӣ “Бактрия фуд”, ки дар моҳҳои марту майи соли равон дар вилояти Хатлон баргузор мешаванд, даъват намуд.Таваҷҷуҳи хосса ба мавзӯи содироти меваю сабзавоти барвақтӣ аз вилояти Хатлон ба Урали Миёна ва тариқу василаҳои логистикӣ ҷиҳати ба иҷро расонидани ин кори бузургмиқёс зоҳир гардид.Ҷонибҳо мувофиқ бар он буданд, ки дар ояндаи наздик миёни вилоятҳои Хатлону Свердловск бояд Нақшаи чорабиниҳои амалӣ ҷиҳати иҷрои Созишномаи ҳамкориҳои гуногунсоҳаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Свердловски Федератсияи Россия аз 12 феврали соли 2004 ба имзо расонда шавад.

15 феврали соли 2024 мулоқотҳои раиси вилояти Хатлон бо ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал Яков Силин дар бинои асосии ин Донишгоҳ ва дар толори калони Донишгоҳи мазкур бо намояндагони диаспора ва доираҳои соҳибкории тоҷики муқими Ҳавзаи федералии Урал хеле хуб, самимӣ ва пурмуҳтаво сурат гирифтанд.

Дар Мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо аъзои ҷомеаи тоҷикони муқими минтақаи Урал аксари аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, соҳибкорони муваффақи тоҷиктабори маҳаллӣ, ходимони намоёни маҳаллии тоҷиктабори дини мубини Ислом, донишҷӯёни тоҷикистонӣ бо андешаву пешниҳодҳои ҷолибу судманду созанда ибрози андеша карданд.

Маълум гашт, ки вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урали Россия шарикони рушди сершумор доштааст ва хоҳад дошт.

15 ва 16 феврали соли равон ҳайати расмии вилояти Хатлон аз се корхонаи истеҳсолии саноатию агросаноатии Урали Миёна–ҶС “Уралэлектротяжмаш”, ҶС “Уралгидромаш”, ҶДММ “Агротехфарм”–ва Осорхонаи вилоятии вилояти Свердловск дидан карданд ва бо роҳбаронашон мулоқотҳои судовар доир намуд.

Садбарг Бокиева, рӯзноманигор

Related Articles