БОЗДИДИ МУОВИНИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ КОРҲОИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗИИ ПОЙГОҲҲОИ ОБКАШИИ МАВЗЕИ САНГТУДАИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА ВА КАНАЛИ ОБТАЪМИНКУНИИ ОБАНБОРИ “СЕЛБУР”-И НОҲИЯИ ВОСЕЪ


Рӯзи 16 феврал муовини якуми раиси вилояти Хатлон Мирзозода Музаффар дар якҷоягӣ бо сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят Собирзода М. аз рафти корҳои таҷдиду азнавсозии пойгоҳҳои обкашии мавзеи Сангтудаи ноҳияи Данғара дидан намуданд.

Мавриди зикр аст, ки пойгоҳҳои обкашии Сантуда 1, 2 ва 3 аз ҷониби Муассисаи давлатии Маркази идораи “Лоиҳаи беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон” мавриди азнавсозӣ қарор мегиранд.

Муовини якуми раиси вилоят бо рафти корҳо шинос шуда, барои дар муҳлатҳои наздик ба итмом расонидан ва мавриди истифода қарор додани пойгоҳҳои обкашии зикргардида ба масъулин супоришҳои зарурӣ доданд.


Ҳамзамон рафти барқароркунии канали обтаъминкунии обанбори “Селбур”-и ноҳияи Восеъ дида баромада шуд. Дарозии канали мазкур 18 километрро ташкил дода, барои барқарор намудани ҷойҳои зарардидаи он корҳо дар сатҳи баланд идома доранд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles