Имрӯз, 16 феврал, гуруҳи намояндагони мақомоти давлатӣ бо роҳбарии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия бо соҳибкорон ва шаҳрвандони муқимӣ мулоқот намуданд.
Раиси вилояти Хатлон ҳадафи асосии мулоқотро гузаронидани суҳбати озод, муколамаи судманд ва бохабар шудан аз ҳолату вазъи имрӯзаи ҳамватанони берунмарзӣ арзёбӣ карданд.
Боиси хушнудист, ки айни ҳол муносибати дуҷонибаи стратегии Тоҷикистону давлати бузурги Россия бомуваффақият густариш меёбанд ва мулоқотҳои мунтазами сарони ду кишвар барои таҳкими бештари ҳамкорӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханрониашон зикр намуданд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2023 бо азму талоши сокинони мамлакат иқдому ташаббусҳои созанда вусъати бесобиқа касб карда, мардуми сарбаланди мо ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани биҳиштосои худ сарҷамъу аҳлона ва беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашида, ба дастовардҳои бузург ноил гардиданд. Умуман дар соли 2023 суръати баланди рушд баробар ба 8,3% таъмин гардид.
– Боиси тазаккур аст, ки дар ҳошияи ҷашнҳои бузурги миллӣ, аз ҷумла таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ хурду бузурги кишвар бо ҳисси баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва дастгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат барои ободу зебо гардонидани ҳар як гушаи ватани азиз, бунёди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолию хизматрасонӣ, сохтмон ва таъмири роҳҳои автомобилӣ, пулу нақбҳо, садҳо муассисаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш ва дар ин замина таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳмгузорӣ намуда истодаанд.
Соҳибкорони тоҷики муқимии Россия дар мулоқот ҳадаф гузоштанд, ки барои сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ, махсусан мактабҳо ва боғчаҳои кӯдаконаи хусусӣ саҳмгузорӣ менамоянд.
Дар вохӯрӣ оид ба масъалаи гаравидани ҷавонон ба ҳаракатҳои экстремистию террористӣ суханронӣ шуда, зикр гардид, ки мутаассифона, бисёре аз чунин шахсон ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин роҳ мераванд.
Бояд қайд намуд, ки соҳибкорону сармоягузорони бонангу номус барои таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ саъю кӯшиши худро барои васеъ намудани фаъолияти истеҳсоливу хизматрасонӣ, қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилию хориҷӣ ва афзоиши ҳаҷми содироти молу маҳсулот, таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ ва боз ҳам ободу зебо гардонидани ватани худ равона карда истодаанд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон