МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ИҚТИСОДИИ УРАЛ


Имрӯз, 15 феврал, дар идомаи сафари корӣ вохӯрии ҳайати вилояти Хатлон бо роҳбарии раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал Яковом Петровичем Силиным баргузор гардид.

Ҳадафи мулоқот вусъат бахшидани рушди сафарбарии академии омӯзгорону донишҷӯён, табодули таҷрибаи пешқадам, фаъолияти муштараки илмӣ, ташкил ва баргузор намудани конференсияҳо, ба роҳ мондани нашри маводи илмӣ ва дигар фаъолиятҳои фарогири манфиатҳои ҷонибҳо иборат буда, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мустақим ва судманд дар соҳаи маориф, илм, фарҳанг ва баланд бардоштани самаранокии корҳои таълимӣ, методӣ ва тадқиқотӣ мусоидати созгор хоҳанд дошт.

Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ зикр намуданд, ки вилояти Хатлон яке аз вилоятҳои калонтарини ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, донишгоҳҳову донишкадаҳои зиёд дорад, ки ҳамкориҳои мо ба нафъи ҳарду ҷониб аст.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамокриҳо байни донишгоҳҳо, таҷрибаомӯзӣ ва анҷом додани сафарҳои корӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифта шуданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуруҳи намояндагони мақомоти давлатӣ бо роҳбарии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳоло бо сафари корӣ дар Федератсияи Россия қарор доранд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles