ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР МАЪРАКАИ САБЗУ ХУРРАМГАРДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР ВА НОҲИЯИ КӮШОНИЁН


Имрӯз, 10 феврал, дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, дар гулгашти майдони “70-солагии водии Вахш”-и шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кӯшониён маъракаи шинонидани дарахтони ҳамешасабз баргузор гардид.

Дар маъракаи сабзу хуррамгардонӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, масъулини шаҳру ноҳия, мутахассисон, кормандони соҳаҳои гуногун ва ҷавонон иштирок намуданд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинон иброз доштанд, ки вазифаи ҳар як сокини вилоят ин аст, ки дар тозагӣ ва ободии диёр саҳми назарраси худро гузорад ва барои ҳифзи табиат камари ҳиммат бубандад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон зикр кардаанд, гармшавии ҳарорати сайёра ва оқибатҳои манфии он – камобӣ, хушксолии паёпай ва дигар офатҳои табиӣ, аз ҷумла сардии бесобиқаи зимистони гузашта, яъне торафт бад шудани ҳолати муҳити зисти инсоният, илова бар ин, ки боиси торафт вазнин шудани таъминот бо маводи ғизоӣ ва оби босифати нӯшокӣ дар бисёр кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон гардида истодааст, ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва торафт устувор гардидани муқовимати воситаҳои дорувории мавҷуда бар зидди вируси чунин бемориҳо мусоидат карда истодааст.

Раиси вилоят ҷиҳати нигоҳдории дарахтони нодири ороишӣ, кишти алафҳои ҳамешасабз ва гулҳо дар майдони “70-солагии водии Вахш”, аз ҷумла то 100 ҳазор адад лолаи хушранг, вусъати корҳои хуррамгардонӣ дар маркази маъмурии вилоят ба масъулони шаҳрдорӣ дастур доданд.

Таъкид гардид, ки барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ кардани харобшавии минбаъдаи он, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ ба роҳ монда шавад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин маъракаи ниҳолшинонӣ зиёда аз 1000 бех дарахти ҳамешасабз шинонида шуд.

Таваҷҷуҳи махсус ба интихоби навъҳои дарахту буттаҳо бо назардошти хусусиятҳои зебоибахшиашон ба шаҳраку маҳаллаҳо ва риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ дар раванди ниҳолшинонӣ равона гардид, зеро риояи ин қоидаҳо асоси нашъунамои хуби минбаъдаи дарахтон мебошад.

Қобили зикр аст, ки чанде пеш раиси вилояти Хатлон бо пахши як муроҷиатнома аз тамоми мардуми баору номуси вилоят даъват намуданд, ки бо дастгирии сиёсати экологии Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам равнақ бахшидани корҳои бунёдкорию созандагӣ ва хурраму назаррабо гардонидани ҳар як гӯшаву канори вилояти Хатлон бо дасту дили пок саҳми шоистаи худро гузоранд.

Ниҳолшинонӣ аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон ба мо мерос мондааст. Аз ин хотир, дар мамлакат, бахусус вилояти Хатлон, маъракаи ниҳолшинонӣ ҳамасола ба як иди сарсабзу хуррамгардонии ҳақиқӣ табдил ёфта, махсусан вобаста ба хурраму сердарахт гардонидани таллу теппаҳо мардум дар он фаъолона иштирок мекунанд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles