ШИНОСОӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ИДОРАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОИ КӮЛОБ

Рӯзи 7 феврал, дар робита ба дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон муовини раиси вилоят Абдусаломзода Анзурат бо фаъолияти Идораи телевизион ва радиои Кӯлоб шинос шуданд.

Абдусаломзода Анзурат ба дафтарҳои кории кормандон, студияҳои сабти барномаҳои сиёсию фарҳангӣ, идораи радио рафта, бо кормандон суҳбат намуданд ва аз вазъи фаъолияти кории онҳо аз наздик бохабар шуданд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки нақши васоити ахбори омма дар инкишофи ҷомеа, сафарбар намудани таваҷҷуҳи мардум ба самтҳои муайяни мақсаднок ва инъикоси дастовардҳои давлату ҳукумат ниҳоят бориз мебошад.

Абдусаломзода Анзурат, муовини раиси вилоят бо директори телевизион Бозорзода Сафаралӣ суҳбат намуда, вобаста ба сифати наворҳо, интихоби мавзуъ, сару либос, таҳияи барномаҳои тафреҳӣ, ташкили семинару курсҳои омӯзишӣ, танзими барномаҳо, таъмини шароити корӣ, интихоби чеҳраҳои телевизионӣ суҳбат карда, барои беҳтар шудани сифати барномаҳо дастуру супоришҳо доданд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles