КӮЛОБ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ВИЛОЯТӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ВАТАНДӮСТӢ-ОМИЛИ МУҲИМИ ҲИФЗИ МАНФИЯТҲОИ МИЛЛӢ”

Имрӯз, 7 феврал, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар доираи дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба муносибати “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024 ҳамоиши вилоятӣ таҳти унвони “Ватандӯстӣ-омили муҳими ҳифзи манфиятҳои миллӣ” баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Карамалишоев К.Н., фаъолон, мудирони маориф, масъулини бахши идеологӣ, ташкилоту идораҳои дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб амалкунанда иштирок доштанд.

Гуфта шуд, ки афзоиш ёфтани маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, вусъати раванди корҳои ободониву созандагӣ, устувор нигоҳ доштани иқтисоди миллӣ, бештар шудани даромади пулии аҳолӣ, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар, аз якуми январи соли 2024 то ба 40% афзоиш ёфтани музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аз 1 июли соли оянда аз 30% то 40% баланд шудани ҳаҷми нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ ва маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин стипендияҳо, таъсис ёфтани Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати мамлакат, тадбирандешӣ ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ, то соли 2037 ба кишвари сабз табдил додани Тоҷикистони биҳиштосо, таҳияи Барномаи мушаххаси кабудизоркунии мамлакат то соли 2040, дар соли 2025 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати сеюми НБО “Роғун” аз ҷумлаи нуқтаҳои Паёми навбатии Сарвари давлат мебошанд.


Эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифаи ҳуқуқӣ ҳар як узви фаъоли ҷомеаи муосирро вазифадор месозад, ки дар боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, сар карда аз фарзандони хурдсол то шаҳрвандони солор, саҳм гузорем, риояи ҳатмии қонун, пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи давлатамонро таъмин намоем. Зеро риояву иҷрои қонун, яъне волоияти қонун, шарти муҳимтарини эъмори ҷомеаи навин ба шумор меравад. «Эҳтиром ба Конститутсия ва қонун эҳтиром ба ҳуқуқҳои худ ва дигарон мебошад», – гуфтааст Пешвои миллат.

Муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат оид ба худкушию худсузӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, назорати гаштугузори кӯдакону наврасон, тарғибу ташфиқи сарфаю сариштакорӣ, пешгирии исрофкорӣ ва зиёдаравӣ дар аёми иду маросимҳо, таълимоти ғайрирасмии динии шаҳрвандон, воридшавии ноболиғон ба иттиҳодияҳои динӣ суханронӣ намуда, барои ҳалли мушкилоти мазкур ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles