Имрӯз, 2 феврал, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои раиси вилоят ҷаласаи корӣ бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин гузаронида шуд.
Дар ҷаласа Файзуллозода Заробиддин оид ба коркарди пахта дар корхонаҳои пахтатозакунӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмулӣ, дӯхти либосҳои мактабӣ, таъмири роҳҳои маҳаллӣ, ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда ва қатъ намудани фаъолияти корхонаҳои хурди пахтатозакунӣ, ки дастгоҳҳояшон ба талабот ҷавобгӯ нестанд, суханронӣ карданд.
Баъди баррасии масъалаҳои зикргардида ба шуъбаҳои омор, андоз, шабакаҳои тақсимоти барқ, муассисаи давлатии роҳнигоҳдорӣ, роҳбарони корхонаҳо дастуру супоришҳои мушахас дода шуд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон