Имрӯз, 2 феврал, дар робита ба дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон муовини раиси вилоят Абдусаломзода Анзурат аз фаъолияти Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон огоҳ гардиданд.
Абдусаломзода Анзурат ба дафтарҳои кории кормандон, студияҳои сабти барномаҳои сиёсию фарҳангӣ, идораи радио рафта, бо кормандон суҳбат намуданд ва аз вазъи фаъолияти кории онҳо аз наздик бохабар шуданд.
Гуфта шуд, ки дар замони муосир нақши ВАО дар инкишофи ҷомеа, сафарбар намудани таваҷҷуҳи мардум ба самтҳои муайяни мақсаднок, инъикоси дастовардҳои давлату ҳукумат, ифшои камбудиҳои иҷтимоӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо ниҳоят бузург аст.
Дар ҷаласаи васеъ бо кормандон Абдусаломзода Анзурат, муовини раиси вилоят вобаста ба сифати наворҳо, интихоби мавзуъ, такрори барномаҳо, ташкили мактаби устоду шогирд, сару либос, таҳияи барномаҳои тафреҳӣ, ташкили семинару курсҳои омӯзишӣ, танзими барномаҳо, таъмини шароити корӣ, интихоби чеҳраҳои телевизионӣ суҳбат карда, барои беҳтар шудани сифати барномаҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бояд зикр намуд, ки 11 марти соли 2023 бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид барномаҳои телевизиони вилоятии “Хатлон” ба формати пахши дақиқияташ баланд (HD) гузашта буд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон