Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид санаи 11-12 майи соли ҷорӣ муовини раиси вилоят Файзуллозода Заробиддин аз маҳалҳои зарардидаи роҳи аҳамияти байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма дидан намуданд.
Бояд зикр намуд, ки дар натиҷаи боришоти шадиди ахир дар километри 265-274-и шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин резиши сангреза ба амал омада, як қисмати роҳро банд намуд.
Барои бартараф намудани сангреза аз болои шоҳроҳ 7 адад техникаҳои борбардор, як адад булдозер, 5 адад боркунони франталӣ, 1 адад трайлер сафарбар карда шуд. Айни замон роҳ кушода буда, ҳаракати ҳама намуди нақлёт ба роҳ монда шудааст.
Дар бартараф намудани сангрезаҳо ва кушодани роҳ МИҲД-и Шамсиддин Шоҳин ва Муассисаи нигоҳдории роҳҳои минтақаи Кӯлоб фаъолона ширкат намуда, аз ҳама имкониятҳои мавҷуда истифода бурданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон