Рӯзи 8 май ба муносибати Рӯзи Шашмақом дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.
Муовини раиси вилоят сараввал ҳамаи ҳунармандони ин риштаи мусиқии асили тоҷикиро бо ин рӯзи фараҳбахш аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шахсан аз номи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид табрик ва муборакбод намуд.
Зикр гардид, ки маҳз сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Шашмақом шуҳрати ҷаҳонӣ касб намудааст.
– Шашмақом сирф мусиқии классикии тоҷикон буда, таҷассумгари тафаккури мусиқии миллии мардуми мо ба шумор меравад. Эълон гардидани 12-уми май, ҳамчун Рӯзи шашмақом дар кишвар далели равшани таваҷҷуҳи Роҳбарияти Олии сиёсии кишвар нисбат ба ин жанри миллии мусиқӣ буда, дар партави ғамхориҳои Давлату Ҳукумати мамлакат кулли мардуми Тоҷикистон ба ин ҳунари мардумӣ ҳамчун мусиқии классикии миллӣ рағбат ва арҷгузорӣ менамоянд, – афзуд муовини раиси вилоят.
Бояд зикр намуд, ки мақоми ҷаҳонӣ касб кардан ва ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии “Юнеско” шомил намудани санъати суннатии шашмақом, фалак, номинаи чакан ва ёдгориҳои бостонӣ бори дигар аз таъриху тамаддуни пурифтихори тоҷикон гувоҳӣ медиҳад. Мазҳ сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат имкон дод, ки мардуми мо дубора мусиқии классикии тоҷик, шашмақомро ба пуррагӣ омӯзанд ва боиси ифтихор аст, ки ин санъати мусиқии миллии моро ҷаҳониён ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳанги миллати тоҷик эътироф менамоянд.
Дар идомаи ин чорабанӣ аҳли фарҳанги вилоят барномаи рангинеро саршор аз суруди таронаҳои пурмазмун пешкаши иштирокчиён карда, аз ҷониби аҳли нишаст хӯш пазируфта шуд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон