ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАРКАЗИ ЛОГИСТИКИИ КВД “ТОҶАГРОПРОЭКСПОРТ” ҶИҲАТИ ТАЙЁР НАМУДАН, БАСТУ БАНДИ ПИЁЗ БАРОИ СОДИРОТ БА ХОРИҶИ КИШВАР


Имрӯз, 4 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳун аз маркази логистикии КВД “Тоҷагропроэкспорт”-и Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.

Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки ҷиҳати тайёр намудан, басту банди пиёз барои содирот ба хориҷи кишвар дар ҷамоати шаҳраки “Дӯстӣ” маркази мазкур ташкил карда шудааст.

Айни замон дар марказ 25 нафар занон оид ба бандубаст ва ба навъҳо ҷудо кардани пиёз машғул буда, то имрӯз 90 тонна пиёз омода намудаанд.

Гуфта шуд, ки Маркази мазкур барои содирот намудани пиёз дар як вақт то 1000 тонна маҳсулотро бандубаст карда метавонанд.

Бояд зикр намуд, ки дар 3 моҳи соли 2024 гардиши мол дар вилоят ба 4 млрд. 120,6 млн. сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 130 фоизро ташкил дода, 949,9 млн. сомонӣ зиёд ва гардиши савдои хориҷӣ 120,6 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 125,1% ё 24,2 млн. доллар зиёд мебошад. Содироти мол ба 66,2 млн. доллар расида, нисбат ба соли 2023-ум 182,7 % ё 30 млн. доллар зиёд мебошад.

Бо мақсади таъминоти бозори истеъмолӣ дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, дар се моҳи аввали соли равон дар майдони 60,2 гектар гармхонаҳои доимӣ кишти сабзавоти барвақтӣ гузаронида шуда, аз ин ҳисоб 862,2 тонна сабзавот, аз ҷумла 295,9 тонна помидор, 28,9 тонна бодиринг ва 537,4 тонна дигар сабзавотҳо истеҳсол карда шуд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles