Имрӯз, 4 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Тоҷикистони ноҳияи Ҷайҳун ба хонаи сокинон Ҳасанов Собир ва Қаюмов Абдуғаффор ташриф оварда, аз заминҳои наздиҳавлигии эшон дидан намуданд.
Раиси вилоят бо истифодаи самарабахши заминҳои наздиҳавлигӣ ва парвариши пиллаи шаҳрвандон шинос шуда, ба шеваи кору натиҷаҳои баланди меҳнаташон баҳои баланд доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки замини наздиҳавлигии шаҳрванд Қаюмов Абдуғаффор дар майдони 0,24 га буда, дар он зироатҳои картошка, помидор, лубиё кишт карда шудааст. Ҳасанов Собир бошад, дар манзили истиқоматиаш гармхонаи лиму дар майдони 0,05 га бо 60 бех ниҳоли лиму ташкил намуда, соли ҷорӣ 4,5 тона ҳосил ба даст овардааст.
Оилаи Қаюмов Абдуғаффор аз соли 1982 ба парвариши кирмаки пилла машғул буда, соли 2023 ба миқдори 68 грамм 140 ҳазор кирмак (4 қуттӣ) гирифта, аз он 130 килограм пилла ба даст овардааст. Соли ҷорӣ бошад, 51 грамм 105 ҳазор кирмак (3 қуттӣ) гирифта, мақсад дорад, ки аз он 120 килограм пилла ҷамъоварӣ намояд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо гармхонаи доимоамалкунандаи шаҳрвандон ошно гардида, саҳми онҳо ва дигар сокинони маҳалларо дар таъмини амнияти озуқаворӣ чашмрас арзёбӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки баъди ҷамъоварии ҳосили фаровони гармхонаҳо бозори дохилӣ бо сабзавоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин ва нарху навои он муътадил нигоҳ дошта мешавад.
Зимни суҳбат бо пиллапарварон раиси вилоят Давлаталӣ Саид қайд кард, ки ин соҳа ҳамчун соҳаи сердаромаду афзалиятноки иқтисодӣ ҷиҳати бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатии мамлакат, рушди саноати сабук, истеҳсоли матоъҳои аз ҷиҳати экологӣ ба саломатӣ безарар, таъмини садҳо нафар бо ҷойи кор нақши муассир дорад.
– Кишвари мо барои рушди ин соҳа шароити мусоид дорад, – афзуд раиси вилоят. – Масъулони соҳаро мебояд заминаи хӯроки кирмаку тақсимоти саривақтии тухмии онро афзун намуда, фаъолияти парваришгоҳҳои махсуси кирмакпарвариро рушд бахшанд. Ба ин васила корхонаҳои саноатии мамлакат бо ашёи хом таъмину барои ҳазорон нафар ҷойи нави корӣ муҳайё карда мешавад.
Зимни суҳбат бо сокинони маҳаллӣ раиси вилоят Давлаталӣ Саид таъкид намуданд, ки дар шароити дар имрӯза бояд ҳар як оилаи мамлакат ҳар порча замини корам, бахусус замини наздиҳавлигиро ба манфиат истифода бурда, дар навбати аввал талаботи оилаи худро бо маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маводи ғизоӣ қонеъ сохта, ба ин васила дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлат – таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳм гузоранд.
Деҳқонон ҳам аз фазои сулҳу суботи кишвар шукргузорӣ намуда, иброз доштанд, ки маҳз бо шарофати истиқлол имрӯз мо кору фаъолият мекунему зиндагии осуда дорем.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон