КӮШОНИЁН. ИФТИТОҲИ МАҒОЗАИ АРМУҒОН, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА СЕХИ ДУХТИ ЛИБОСҲОИ МИЛЛӢ


Имрӯз, 26 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар кӯчаи Ибни Синои ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён мағозаи армуғон, ҳунарҳои мардумӣ ва сехи духти либосҳои миллиро ифтитоҳ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки духтарон ройгон ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.

Бино ва мағозаи мазкур аз ҷониби соҳибкор Сафаров Амиралӣ дар асоси нақша чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.

Бинои мазкур дар кӯчаи Ибни Синои ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён қомат афрохта, тибқи нақша аз 4 ошёна иборат мебошад ва дар ошёнаи якум мағозаи армуғон, ҳунарҳои мардумӣ ва сехи духти либосҳои миллӣ ва дар се ошёнаи дигар 8 адад манзилҳои истиқоматии иборат аз 1 ва 2 хуҷрагӣ бо харҷи беш аз 1 миллион сомонӣ сохта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2023 оғоз гардида, пас аз ба истифода додан, 7 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles