Имрӯз, 26 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар дар ҷамоати деҳоти Меҳнатобод деҳаи Гагарини ноҳияи Кӯшониён ба хонаи шаҳрванд Изатулоев Абдураҳмон ташриф оварда, аз самаранок истифодабарии замини наздиҳавлигии ӯ дидан намуданд.
Масоҳати замини наздиҳавлигии шаҳрванд Изатулоев Абдураҳмон аз 0,10 га иборат буда, айни ҳол бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар ва таъмини бозор бо маҳсулоти хушсифати барвақтӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигияш барои парвариши маҳсулотҳои кишоварзӣ 4 адад гармхона ташкил намудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар 3 адад гармхона парвариши барвақтии қаланфури булғорӣ ва дар 1 адади дигар парвариши бодирингро ба роҳ мондааст. Дар 0,2 га қитъаи боқимондаи замини наздиҳавлигияш картошка кишт кардааст.
Раиси вилоят таҷриба ва самаранок истифодабарии замини наздиҳавлигии шаҳрванд ситоиш карда, таъкид намуданд, ки ҳар як шаҳрванд бояд дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми худро гузорад.
Гуфта шуд, ки баъди ҷамъоварии ҳосили фаровони гармхонаҳо бозори дохилӣ бо сабзавоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин ва нарху навои он муътадил нигоҳ дошта мешавад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон