Рӯзи 29 январ, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Гао Джонг Тао, роҳбари Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди Ширкати технология ва савдои саноати кишоварзии “Фусин Синйида”-и Ҷумҳурии Халқии Хитой ва ҳайати ҳамроҳонаш мулоқот карданд.
Зикр гардид, ки вилояти Хатлон бо ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Халқии Хитой муносибатҳои хуби дуҷонибаро ба роҳ мондааст.
Ин муносибатҳо бахусус баъди сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой (31 август-4 сентябри соли 2018) ва дар рафти он ба имзо расидани як қатор санадҳои байнидавлатӣ густариши тоза ёфтанд.
Таъкид шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар марҳилаи кунунӣ бо суръат рушд дорад. Бо мақсади баррасии маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба ва муайян кардани дурнамои рушди минбаъдаи онҳо Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба рушди ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой бомуваффақият фаъолият дорад.
Давлаталӣ Саид зикр карданд, ки тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо ширкатҳои Чин яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷии мост. Мо ба бунёди муносибатҳои дарозмуддат, ки ба истифодаи самараноки иқтидори минтақаҳо мусоидат мекунанд, манфиатдорем.
– Вилояти Хатлон рушди ҳамкориҳои минтақавиро унсури муҳими рушди иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир медонад.
Ифтитоҳи се минтақаи озоди иқтисодӣ дар вилоят «Кӯлоб» (309,2 гектар) дар шаҳри Кӯлоб, «Данғара» (521 гектар) дар ноҳияи Данғара ва «Панҷ» (401 гектар) дар ноҳияи Ҷайҳун ба роҳ монда шудааст.
Гао Джонг Тао, роҳбари Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди Ширкати технология ва савдои саноати кишоварзии “Фусин Синйида”-и Ҷумҳурии Халқии Хитой зимни мулоқот баён доштанд, ки ҳадафи мо таъсиси корхонаҳои саноатии коркарди пӯст ва пашм мебошад.
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар тақвияти ҳарфҳои Гао Джонг Тао гуфтанд, ки мо дар ин масъала кӯмаки бештар ба шумо карда метавонем.
– Танҳо дар соли 2023 дар вилоят 1 140 333 дона пӯсти чорвои калон ва майдаи шохдор ва 5970 тонна пашм истеҳсол шудааст, ки ҳамагӣ 4250 дона пӯст (0,4%) ва 70 тонна пашм (1,2%) коркард шудаасту халос. Агар Шумо дар наздиктарин фурсат корхоаи саноатии худро бунёд кунед, мо метавонем ба шумо маҳсулоти хом пешниҳод намоем, – афзуд Давлаталӣ Саид.
Инчунин Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон таъкид карданд, ки муносибатҳои кишвари мо бо Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҳоли рушд аст ва баҳри тақвият додани хоҷагии халқ, хусусан истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳамкорӣ дорем.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон