МУЛОҚОТИ ДАВЛАТАЛӢ САИД БО МУҲАММАД РИЗО ЗОРЕӢ


Имрӯз, 29 январ, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мулоқоти раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо Муҳаммад Ризо Зореӣ, раиси ҳайати мудирони ширкати истеҳсолкунандаи таҷҳизоти пешрафтаи кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зикр карданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун кишварҳои дӯсту ҳамфарҳангу ҳамзабон, ки решаҳои ногусастании таърихӣ доранд, муносиботи тарафайнро дар чорчӯби сиёсати пешгирифта ва назари неки сарони ду давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Иброҳим Раисӣ батадриҷ тавсеа дода, барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор пайваста чораҷӯӣ менамоянд.

– Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо дарназардошти дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имконотро баҳри тавсеа ва таъмини ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо минтақаҳои Эрон сафарбар менамояд, – афзуд Давлаталӣ Саид.

Гуфта шуд, ки дар самти кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҷалби сармояи эронӣ ба иқтисоди вилояти Хатлон ҳамкориҳо зич ба роҳ монда мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки ширкати Spad Lazer Boresh Industrial Group дар соҳаи хатҳои дорупошӣ ва дастгоҳҳои саноатӣ тахассус дорад. Бо назардошти дониш ва таҷриба дар соҳаи хатҳои дорупошӣ ва ҷузъҳои дорупошии саноатӣ ширкат дар қонеъ кардани ниёзҳои ин соҳа вазифаи муҳим дорад. Соҳаҳои махсуси ин ширкат фурӯш, таъмин ва воридот аз брендҳои бонуфуз дар соҳаи дорупошӣ, тадқиқот, таҳия ва таҳлили ададии системаҳои дорупошӣ, санҷишҳои иҷроиш дар стендҳои санҷишӣ мебошад.

Бояд зикр намуд, ки чанде пеш дар ҳошияи сафари ахири Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон бо мақсади таҳким бахшидани муносибатҳои дуҷониба байни намояндагони бахши хусусӣ як қатор чорабиниҳою муколамаи судманд баргузор гардида, зимни онҳо як қатор созишномаву шартномаҳои ҳамкорӣ байни соҳибкорони Эрону Тоҷикистон ба имзо расонида шуданд.

Муҳаммад Ризо Зореӣ иброз доштанд, ки мо омодаем дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои шоликӯбӣ, табодули таҷриба ҷиҳати серҳосил кардани заминҳо ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мемонем.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles