ВОСЕЪ. ВОХӮРӢ БО ФАЪОЛОН ВА СОКИНОНИ ШАҲРАКИ ҲУЛБУК ОИД БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Exif_JPEG_420

Рӯзи 23 январи соли равон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ дар асоси супориш ва нақшаи тасдиқнамудаи раиси вилояти Хатлон оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 декабри соли 2023 вохӯрии гурӯҳи корӣ бо фаъолон ва сокинони шаҳрак баргузор гардид.

Дар вохӯрии баргузоргардида ҳайати гурӯҳӣ корӣ бо иштироки Гулмуродзода Бибинисо – муовини раиси ноҳия, Сафаров Бахтиёр – сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, Давлатёрзода Насиба – вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии № 25, раисони ҷамоату маҳалла оид ба шарҳу тавзеҳи Паём суханронӣ намуданд.

Гулмуродзода Бибинисо мақсади баргузории вохӯрии мазкурро ба ҳозирин шинос намуда, оид ба масъалаҳои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, пешгирии ҷавонон оид ба шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, ҷалби онҳо ба корҳои ободонию созандагӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарварии ҷавонону наврасон, ободонию тозакории кӯчаю маҳаллаҳо, дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаҳои худро баён намуд.

Сипас, Бахтиёр Сафаров оид ба нуктаҳои Паёми имсола дар назди ҳозирин изҳори назар намуд. Таъкид гардид, ки таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати ҳуқуқии давлат буда, дар робита бо тарбияи сиёсӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва намудҳои дигари тарбияи инсон бояд анҷом дода шавад. Бо дарназардошти дар соли 2024 таҷлил гардидани 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад. Зеро ки қайд карданд Пешвои миллат – «Аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст, яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо мебошад.»

Дигар иштирокдорон низ дар ҳамовозӣ аз Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таклифу пешниҳоди худро дар ҳамовозӣ аз Паёми имсола изҳор доштанд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles