Бонки ҷаҳонӣ дар доираи Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» — и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муассисаи томактабии шакли нав барои ҷалби кӯдакон ба таҳсил бо шароити наву замонавӣ бунёд менамояд.
Тавре масъули Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Строй — Сентр», ҳамзамон масъули сохтмони кӯдакистон Абубакр Шарифов дар суҳбат ба АМИТ «Ховар» гуфт, сохтмони кӯдакистон бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ моҳи августи соли 2023 оғоз гардида, барои 150 кӯдак пешбинӣ шуда, аз ҷумла 80 кӯдаки аз 2 то 5-сола ва 70 кӯдаки синни томактабиро фаро мегирад.
Бояд ёдовар шуд, ки кӯдакистон дар маркази ноҳияи Ҳамадонӣ, дар шафати бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1- и ноҳия мустақар буда, бахшида ба ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.
Алҳол таҳкурсии бино пурра ба анҷом расида, корҳои хиштчинӣ дар бинои аввали он оғоз гардидаанд. Бинои кӯдакистон аз 2 ошёна ва 12 бинои ёрирасон, инчунин ҷойи бозии кӯдакон иборат буда, бо ҳама шароити зарурӣ бунёд мешавад. Ба корҳои сохтмонӣ 35 сокини маҳаллӣ ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин мебошанд.
Аз шуъбаи маорифи ноҳия иттилоъ доданд, ки алҳол дар ҳудуди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 5 кӯдакистон бо фарогирии 420 кӯдак амал менамояд, ки дар онҳо 21 мураббия ба таълиму тарбияи кӯдакон машғул мебошанд.
АМИТ «Ховар»