Имрӯз, 16 апрел, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар се моҳи аввали соли 2024 доир гардид.
Дар маҷлиси ҷамъбастӣ муовини якум, муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, раёсату шуъбаҳои мақомот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру ноҳияҳо, раисони ҷамоату шаҳраку деҳот, қисман роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳру ноҳияҳо, сархатибон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ муовини раиси вилоят Файзуллозода Заробиддин оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар давраи семоҳаи аввали соли ҷорӣ баромад намуда, иброз доштанд, ки дар давраи ҳисоботӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз гардидаанд ва қарору супоришҳои Ҳукумати кишвар вобаста ба рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят нигаронида шуд.
Ҳамзамон муовини раиси вилоят зимни баромади хеш қайд карданд, ки Нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии вилоят дар 3 моҳи соли 2024 ба 5 млрд. 378 млн. сомонӣ расида, суръати афзоиши он нисбат ба соли гузашта 108,1%-ро ташкил медиҳад. Ҳиссаи вилоят дар Нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии ҷумҳурӣ 20,2%–ро ташкил медиҳад.
Нақшаи андозҳо бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,5% таъмин гардида, ба буҷет 649,9 млн. сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нақша 15,9 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 107,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи андозҳо 102,1% таъмин гардида, 547,5 млн. сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нақша 11,4 млн. сомонӣ зиёд аст.
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо назардошти маблағҳои мақсаднок аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 101% таъмин шуда, ба буҷет 802,3 млн. сомонӣ маблағ ворид гардидааст.
Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби андозу пардохтҳои маҳаллӣ 102% иҷро гашта, ба буҷет 547,8 млн. сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 11,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Маблағҳои мақсаднок аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳаҷми 244 млн. 789,5 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст (100 %).
Ба соҳаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 764,4 млн. сомонӣ маблағгузорӣ карда шуда, 691,6 млн. сомонӣ, ё ин ки 90,5%-и маблағҳои буҷетӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда шудааст.
Инчунин, маблағҳои гузаронидашуда ба фонди муътадилгардонӣ ва иншоотҳои муҳими давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5,3 млн. сомонӣ аз ҳисоби буҷетии шаҳру ноҳияҳои вилоят равона карда шудааст.
Дар 2 моҳи соли 2024 бонкҳои вилоят ба соҳаҳои иқтисодӣ 788 млн. 29,0 ҳазор сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-ум 154 млн. 753 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад (124,4%).
Аз ҷумла, аз ҳисоби маблағи умумӣ ба соҳаҳои кишоварзӣ 226,7 млн. сомонӣ (28,7%), саноат 32,8 млн. сомонӣ (4,2%), сохтмон 25,0 млн. сомонӣ (3,2%), нақлиёт 6,2 млн. сомонӣ (0,8%), хӯроки ҷамъиятӣ 689,2 ҳазор сомонӣ (0,1%), хизматрасонӣ 55,5 млн. (7,0%), савдои хориҷӣ 64,9 млн. (8,2%), истеъмолот 362,4 млн. (46%) ва дигар соҳаҳо 13,9 млн. сомонӣ (1,8%) равона карда шудааст.
Дар 3 моҳи соли 2024 гардиши мол ба 4 млрд. 120,6 млн. сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-ум 130 фоизро ташкил дода, 949,9 млн. сомонӣ зиёд ва гардиши савдои хориҷӣ 120,6 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-ум 125,1% ё 24,2 млн доллар зиёд мебошад.
Содироти мол ба 66,2 млн. доллар расида, нисбат ба соли 2023-ум 182,7% ё 30 млн. доллар зиёд мебошад.
Воридоти мол ба вилоят 54,4 млн. долларро ташкил додааст. Дар Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025 татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 млрд. сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.
Тибқи натиҷаи мониторинги иҷро ҳамагӣ 159 лоиҳа ба маблағи 4,5 млрд. сомонӣ иҷро гардидааст, ки аз ҳаҷми маблағҳои пешбинишуда 54,2% мебошад. Ҳамчунин, дар 88 лоиҳа корҳо идома дошта, аз ҳисоби иҷрои лоиҳаҳо 43,2 фоизро дарбар мегирад.
Кишоварзони вилоят дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро ба 1 млрд. 367 млн. сомонӣ расониданд, ки афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 106,0 фоиз, аз ҷумла дар бахши растанипарварӣ 110,7 фоиз ва дар бахши чорводорӣ 105,8 фоизро ташкил медиҳад.
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 1 апрели соли 2024 дар бахшҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилоят дар майдони 182737 гектар кишти зироатҳо гузаронида, иҷрои дурнамо 59,3 фоиз таъмин карда шуд. Аз ҷумла, дар майдони 122711 гектар ғалладонагиҳо якҷоя бо тирамоҳӣ, 23327 гектар зироатҳои техникӣ, аз он 16338 гектар пахта, 17277 гектар сабзавот, 5783 гектар картошка, 6651 гектар полезӣ, ва 5338 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт карда шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят ба маблағи 2 миллиарду 539 миллиону 722 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 162,8 млн. сомонӣ ё 105,8 % зиёд таъмин шудааст, ки аз ин дар корхонаҳои саноатӣ 1,427 млрд. ё 56,2 %, дар соҳаи барқ 1,100 млрд. ё 43,3%, ва соҳаи обтаъминкунӣ 12,0 млн. сомонӣ ё 0,5% рост меояд.
Дар давраи ҳисоботи 16 корхона ва як коргоҳ бо 196 ҷои кории доимӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кушониён-4, Ховалинг-3, Левакант-3, Восеъ-2, Муминобод-1, Хуросон-1, Данғара-1 ва Бохтар-1 ададӣ ба истифода дода шудааст, ки дар онҳо ба 9,5 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст.
Дар соҳаи нақлиёту боркашонӣ ба 8,3 миллион тонна (суръати афзоиш 112,4%) ва ҳаҷми мусофиркашонӣ ба 35,7 миллион нафар (120%) баробар гардид, ки нисбат ба соли 2023 ҳаҷми боркашонӣ 924,2 ҳазор тонна ва ҳаҷми мусофиркашонӣ бошад, 5,9 млн. нафар зиёд мебошад.
Дар миқёси вилоят дар умум ба масофаи 450 километр роҳҳо ба маблағи умумии 24,1 миллион сомонӣ таъмиру азнавсозии роҳҳо гузаронида шудааст.
Дар ин давра 357 адад бинову иншоотҳо ба маблағи 493,3 млн. сомонӣ ба ҳисоботҳои оморӣ ворид гардид. Аз ҷумла: дар 23 мактаб 281 синфхона барои 6641 ҷойи хониш, 2 адад муассисаи томактабӣ барои 72 ҷой, 4 адад бӯнгоҳи тиббӣ барои қабули 70 нафар беморон дар як баст, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Ҷиҳати иҷрои нақшаи иншоотҳои ҷашнӣ тибқи маълумотҳои оморӣ дар вилоят 2762 адад биною иншоотҳо ба маблағи умумии 2,6 млрд. сомонӣ мавриди истифода қарор дода шудааст, ки 44,1 фоизи нақшаи умумиро ташкил медиҳад.
Давоми солҳои 2023-2024, дар маҷмуъ 21 иншооти соҳаи маориф иборат аз 122 синфхона барои 3050 ҷойи нишаст дар як баст (дар ду баст 6100) мавриди истифода қарор дода шуданд.
Лозим ба зикр аст, ки айни замон дар 189 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ сохтмони иншооти соҳаи маорифи вилояти Хатлон, иборат аз 1303 синфхона барои 31272 ҷойи нишаст идома дорад.
Тибқи маълумотҳои масъулони шаҳру ноҳияҳо ба вилояти Хатлон дар се моҳи соли 2024 дар умум 73605 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ ташриф овардаанд, ки аз ин 66402 нафарашон сайёҳони дохилӣ ва 7203 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд.
Дар ин давра варзишгарони вилоят дар 22 мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 149 медали тилло, 122 медали нуқра, 181 медали биринҷӣ, ҳамагӣ 452 медал гардиданд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2023-ум 13 медал зиёд мебошад.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид баъд аз баромади Файзуллозода Заробиддин оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар самти иҷрои саривақтии андоз, фаъолияти дурусти минтақаҳои озод, иҷрои саривақтии кишти пахта, картошка ва дигар зироатҳо, шинонидани дарахтони ҳамешасабз дар шоҳроҳо, фаъол намудани корхонаҳои саноатӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва ба ин васила таъмин намудани аҳолӣ бо ҷои кори доимӣ, беҳтар намудани шароити омӯзгорон, ҷалби бештари сайёҳон ба вилоят, пешгирии зиёдшавии ҳар гуна бемориҳо, пешгирии ғайриқонунии тақсимоти замин, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, роҳ надодан ба зиёдаравиҳо дар аёми иду маросимҳо ва инчунин оид ба тозаву озода нигоҳ доштани шаҳрҳои вилоят, фаъолона иштирок намудани хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва оид ба дигар камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон