КӮЛОБ. БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ ТАТБИҚШАВИИ ЛОИҲАИ “ОБТАЪМИНКУНӢ ВА КОРЕЗИ ШАҲРИ КӮЛОБ” ДАР МАВЗЕИ “ТЕБАЛАЙ” КӮЛОБ. БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ ТАТБИҚШАВИИ ЛОИҲАИ “ОБТАЪМИНКУНӢ ВА КОРЕЗИ ШАҲРИ КӮЛОБ” ДАР МАВЗЕИ “ТЕБАЛАЙ”

Имрӯз, 4 январ зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳонашон аз рафти корҳои татбиқшавии Лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб” дар мавзеи “Тебалай” боздид намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки мӯҳлати татбиқи лоиҳа солҳои 2021-2025 буда, сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва маблағи умумии лоиҳа 16,250 млн. евро мебошад. Сарчашмаҳои маблағгузорӣ: Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд – 15 млн. евро, қарз: 7,5 млн. евро, грант: 7,5 млн. евро ва гранти техникӣ: 1,25 млн. доллари амрикоӣ мебошанд. Гуфта шуд, ки фоизи иҷроиш аз аввали татбиқи лоиҳа 20%-ро дар бар мегирад.

Дар доираи лоиҳаи м

азкур корҳои сохтмони шоҳқубур аз обанбор то ҳавзҳои оби тоза, сохтмони шоҳқубури худҷоришаванда, барқарорсозӣ ва васеъ намудани шабакаҳои обтақсимкунӣ, сохтмон ва барқарорсозии шабакаҳои канализатсия, сохтмон ва азнавсозии истгоҳҳои насосии об, харидорӣ ва насби ҳисобкунакҳои обӣ, гузаронидани тадқиқоти гидрогеологӣ, барқарорсозии обанборҳо, ҳавзҳо ва харидории техникаҳои махсуси коммуналӣ ба анҷом расонида мешавад.

Айни замон дар доираи лоиҳаи мазкур барои иҷрои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмони истгоҳҳои нави насосии барориши 2-юм ва 3–юм бо ширкати ҶДММ “Хуршеди Хоразм” ба маблағи 5 277 910,85 евро; сохтмон ва барқарорсозии шабакаҳои канализатсионӣ ва коллекторҳо бо ширкати ҶДММ “Асил сохтмон” ба маблағи 1 470 700,65 евро; барқарорсозии иншоотҳои тозакунии канализатсионӣ бо ширкати ҶДММ “Маҳмадшариф” ба маблағи 1 079 896,68 евро шартномаҳои дахлдор ба имзо расонида шуда, дар рӯзҳои наздик корҳои сохтмонӣ аз тарафи се пудратчии навинтихобшуда оғоз мегардад.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles