КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ ДОНИШГОҲИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Имрӯз, 4 январ зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳонашон дар маҳаллаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб Маркази таълимии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки фармоишгари иншоот Гадоев Авазхон мебошад. Бинои мазкур ба маблағи умумии 2,5 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Иншооти мазкур аз 3 ошёна иборат буда, зиёда аз 20 нафар ба кор ҷалб карда шудаанд.

Лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶДММ “Идриси Ҷаҳон” таҳия гардида, корҳои сохтмонии иншооти мазкур соли 2019 оғоз гардидааст.

Гуфта шуд, ки айни замон дар иншоот корҳои сохтмонӣ пурра ба анҷом расонида шудааст.

Сарвазири мамлакат зимни боздид аз имконоти муассиса ва фаъолияти марказҳо таъкид намуданд, ки бо истифода аз чунин шароит ба тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шавад.

Сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles