КӮЛОБ. БОЗДИД АЗ МАВЗЕИ ХАРОБГАРДИДАИ ДАРЁЧАИ “КӮЛОБ”

Имрӯз, 4 январ зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳонашон аз мавзеи харобгардидаи дарёчаи “Кӯлоб”, воқеъ дар деҳаи Лағмони ҷамоати деҳоти Кӯлоб боздид намуданд.

Дарёчаи “Кӯлоб” аз ҷамоати деҳоти Зиракӣ сарчашма гирифта, дар ноҳияи Восеъ ба дарёи Ёхсу мерезад. Иншооти мазкур ба дарозии 25 километр тӯл кашида, аз ҳудуди шаҳри Кӯлоб бо дарозии 7,5 км гузашта, барои обёрӣ намудани заминҳои кишоварзии ҷамоати деҳоти Кӯлоб, ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ ва гузаронидани обҳои сою селпартобҳои Сангпар, Сойи Тебалай, Девонасой, Шураксой, сойи Шулулу ва сойи Ғарабдара хизмат мерасонад.

Дарёчаи мазкур дар вақти боронгариҳои тирамоҳу баҳори солҳои гузашта, зиёда аз 5,5 км садҳои муҳофизатиаш аз ҳарду тараф хароб гаштаааст. Дар ҳолати рахнашавӣ эҳтимоли ба аҳолӣ ва заминҳои кишоварзии ҷамоати деҳоти Кӯлоб ва Зарбдор зарари калон мерасонад.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода масъулонро ба тоза нигоҳ доштани ҷӯйҳо, каналҳо ҷалб намуда, таъкид карданд, ки тоза нигоҳ доштани ҷӯй ва заҳбурҳо, каналҳо ва роҳҳои дигари обгузар, мустаҳкам нигоҳ доштани соҳили рӯдхонаҳо ва кӯлҳо, мустаҳкам кардани сарбандҳо шарти асосии эминӣ аз хатари сел мебошад.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles