Имрӯз, 4 январ зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳонашон аз ҷараёни корҳои сохтмонии варзишгоҳи ноҳияи Восеъ огоҳ гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Дирексияи сохтмонии иншоотҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 67 миллион сомонӣ ҶДММ “Ниагара” бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шуда истодааст.
Иншооти мазкур баҳри ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш барои таъмин намудани аҳолӣ бо варзишгоҳи замонавӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани саломатии аҳолӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар иншооти навбунёд беш аз 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода зимни суҳбат ба роҳбарияти ноҳия ва дигар масъулони маҳаллӣ ҷиҳати вусъати корҳои ободонию созандагӣ, дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ, истифодаи самараовару оқилонаи замин дастуру супоришҳо доданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон