Имрӯз, 4 январ зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳонашон дар ноҳияи Восеъ коргоҳи хурди истеҳсоли мебелро ифтитоҳ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои коргоҳи хурди истеҳсоли мебел воқеъ дар кӯчаи ба номи Султони Кабири ҷамоати шаҳраки Ҳулбук дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Орифов Шаҳбоз бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ба маблағи 575 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.
Бо бунёд гардидани коргоҳи хурди истеҳсоли мебел дар маҷмӯъ зиёда аз 6 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Коргоҳ мебелҳои гуногун, аз қабили мизу курсӣ, ҷевонҳои гуногун, дару тирезаҳои пластикӣ, мебелҳои гуногуни кандакоришуда бо дархости мизоҷон истеҳсол менамояд.
Сарвазири мамлакат саҳми соҳибкорони ватандӯстро дар корҳои созандагӣ ва обод кардани гӯшаву канори сарзамин махсус зикр карда, таъкид намуданд, ки дар оянда низ ташаббуси ватандӯстона дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд ҳаматарафа дастгирӣ ва вусъат дода шавад.
Инчунин, Сарвазири мамлакат ҷиҳати рушд бахшидани соҳаи саноат, истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ивазкунандаи воридот, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба масъулон супоришҳои мушаххас доданд.
Сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон