Имрӯз, 4 январ зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳонашон аз ҷараёни корҳои сохтмони обанбори Селбур воқеъ дар деҳаи Селбури ҷамоати деҳоти ба номи М.Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ дидан карданд.
Иншооти мазкур ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда истодааст. Иншоот аз ҷониби ҶСК “Тоҷик СГЭМ” бо ҷалби 1 миллиону 200 ҳазор доллар бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир корҳои сохмонӣ идома дорад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки иқдоми беназири Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи барномаҳои “Даҳсолаи байналмилалии амалиёти об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум амалӣ шуда истодааст.
Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур баҳри амалӣ намудани ҳадафи стратегии кишвар барои таъмин намудан бо оби полезӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани саломатии аҳолӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар иншооти навбунёд беш аз 15 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода масъулони соҳаро вазифадор карданд, ки пайваста дар беҳтар гардонидани сатҳи обрасонӣ ба аҳолии деҳот тадбирҳои бетаъхир андешанд ва ба истифодаи сарфакоронаи об дар байни сокинон чорабиниҳо ташкил карда шавад.
Бояд ёдовар шуд, ки марҳила ба марҳила ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар мамлакат зери таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, тайи солҳои охир дар ин самт бо татбиқи барнома ва нақшаҳои ҳадафманд тадбирҳои муҳим бомаром амалӣ гардида истодааст.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон