ВОСЕЪ. ИФТИТОҲИ МАЙДОНИ ВАРЗИШӢ БАЪДИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ

Имрӯз, 4 январ зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳонашон дар деҳаи Селбури ҷамоати деҳоти ба номи М. Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ майдони варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Майдони варзишӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ бо ташаббуси соҳибкорон ва хоҷагии деҳконии “Миросор” сохта шудааст.

Иншооти мазкур дар ободу зебо гардонидани муҳити атроф мусоидат намуда, бо ниҳолҳои дарахтони сояафкану ороишӣ оро дода шудааст.

Сарвазири мамлакат даъват намуданд, ки шумораи ҳарчи бештари ҷавонон ба машқу тамрин ҷалб карда шаванд. Зеро иншооти мазкур на танҳо барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, балки омодасозии чемпионҳои ояндаи вилояту мамлакат шароити муносибу созгор дорад.

Сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти      Хатлон

Related Articles