Имрӯз, 4 январ зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳонашон дар ҷамоати деҳоти Танобчӣ, деҳаи навбунёди Танобчии болои ноҳияи Темурмалик бунгоҳи тиббиро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти мазкур ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои дар оянда ба оммавигардонии таблиғи тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа додан ва ба тандурустии аҳли ҷомеа овардани шароити боз ҳам беҳтар дар ноҳия мавриди истифода қарор гирифт.
Иншоотҳои мазкур масоҳати 400 метри мураббаъро ташкил дода, аз ҳамин дар масоҳати 85,42 метри мураббаъ бунгоҳи тиббӣ бо биноҳои ёрирасон бунёд гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки бунгоҳи тиббӣ дорои 5 утоқи корӣ бо фарогирии 7 ҷойи корӣ бо талаботҳои меъморию шаҳрсозӣ бунёд гардида, дар атрофи бино зиёда аз 13 дарахтони ороишии ҳамешасабз шинонда шудааст. Саҳни бино дар масоҳати 200 метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, гирду атрофи он ба масофаи 82 метр панҷарабандӣ карда шудааст. Бино аз ҳисоби маблағгузории бахши хусусӣ, соҳибкори ватанӣ ва шахсони саховатманд ба маблағи умумии 470 ҳазор сомонӣ бо тарҳи наву замонавӣ сохта шудааст.
Сарвазири мамлакат саҳми соҳибкорони ватандӯстро дар корҳои созандагӣ ва обод кардани гӯшаву канори сарзамин махсус зикр карда, таъкид намуданд, ки дар оянда низ ташаббуси ватандӯстона дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд ҳаматарафа дастгирӣ ва вусъат дода шавад.
Сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон