ТЕМУРМАЛИК. БОЗДИДИ САРВАЗИР АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ БИНОИ ОСОИШГОҲ

Имрӯз, 4 январ зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳонашон аз ҷараёни корҳои сохтмонии бинои ҳафтошёнаи осоишгоҳи ноҳияи Темурмалик огоҳ гардиданд.

Сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур барои табобату фароғати меҳмонони дохилию хориҷӣ барои 350 нафар пешбинӣ гардида, пудратчии асосии иншооти мазкур ҶДММ «Строй-сервис» мебошад. Бино бо тарҳи наву замонавӣ то имрӯз ба маблағи 5 миллиону 689 ҳазор сомонӣ корҳо анҷом шуда, корҳои сохтмонӣ босуръат идома дорад.

Иншооти мазкур аз 4 блок ва 7 ошёна иборат буда, дар иншоот 54 нафар сокинони ноҳия бо ҷойи кори мавсимӣ ва маоши хуб таъмин мебошанд. Баъд аз ба истифода додани бинои мазкур 50 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ ва шароити хуб таъмин мегарданд. Мувофиқи нақша иншооти мазкур соли 2024 ба истифода дода шавад.

Сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода таъкид намуданд, ки бояд корҳои ободонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ босифат анҷом дода шуда, дар муҳлати муқарраргардида мавриди истифода қарор бигиранд.

Сарвазири мамлакат саҳми соҳибкорони ватандӯстро дар корҳои созандагӣ ва обод кардани гӯшаву канори сарзамин махсус зикр карда, таъкид намуданд, ки дар оянда низ ташаббуси ватандӯстона дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд ҳаматарафа дастгирӣ ва вусъат дода шавад.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles