Таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” баргузор гардид.
Озмуни мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу корномаҳои шоистаи ниёгони миллат дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва ба истиқболи 115 – солагии зодрӯзи ходими давлатию ҷамъиятӣ, шахсияти барҷаста, олими бузург ва нобиғаи сатҳи ҷаҳонӣ академик Бобоҷон Ғафуров ва китоби безаволи ӯ “Тоҷикон” роҳандозӣ гардида буд.
Дар қатори садҳо нафар иштирокдорони ин озмуни сатҳи баланд Мирмуҳсин Мирдодоев, хонандаи синфи 10 – и Литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар фаъолона ширкат варзида, барандаи Шоҳҷоиза ва 70 ҳазор сомонӣ гардид.
Даричаи ошноӣ
Мирмуҳсин Мирдодоев, 16 — уми декабри соли 2007 дар шаҳри Бохтар, маҳаллаи Ғайрат дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушода, соли 2014 таҳсилоти ибтидоиро аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳри Бохтар оғоз бинмудааст. Падараш ба деҳқонӣ машғул буда, айни ҳол дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад ва модараш бошад, хонашин аст.
Мирмуҳсин аз синфи шашум таҳсилотро дар Литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар идома дода, айни ҳол хонандаи синфи 10-уми ҳамин литсей мебошад.
-Аз хурдӣ ба омӯзиши фанҳои таърих ва ҳуқуқ алоқамандии зиёд доштам. Дар озмунҳои гуногуни вилоятию ҷумҳуриявӣ, аз қабили “Донояк, “Нобиға”, Соҳибватан” ва “Ифтихори ватандорӣ” иштирок намуда, ғолибият ба даст меовардам. Дар ин муддат китобу асарҳои таърихии зиёдеро мутолиа кардаам ва дар оянда ба мутолиаи асарҳои таърихӣ боз ҳам бештар таваҷҷуҳ хоҳам дошт, — иброз дошт дар оғози суҳбат Мирмуҳсин.
Ӯ ғайр аз иштирок дар озмунҳои гуногун, инчунин чор соли охир дар сатҳи ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанни таърих фаъолона ширкат карда, сазовори мақоми аввал ва соҳиби медали тилло гардидааст.
Аъзои фаъоли маҳфили “Таърихшиносон” – и назди шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар буда, пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо мутолиаи зиёди адабиёти таърихӣ дониши хешро сайқал диҳад.
Роҳбари синфи Мирмуҳсин, омӯзгори фанни таърихи Литсейи давлатии №1 – и шаҳри Бохтар Зиннатгул Шобалхиева хушнуд аз он аст, ки дар байни 116 нафаре, ки дар сатҳи ҷумҳуриявии озмуни “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” иштирок намуданд, маҳз шогирди ӯ ғолибият ба даст овард.
-Ман аз сатҳи дониши шогирдам Мирмуҳсин боварии комил доштам. Вақте бо низомномаи озмун шинос шудам, бе ягон дудилагӣ ӯро барои иштирок омода намудам. Ба худ боварӣ доштам, ки Мирмуҳсин бо донишу малакаи доштааш баранда мешавад. Хушбахтона, бовариам ба воқеият табдил ёфт ва шогирди донишманди ман на танҳо обурӯи литсей балки ифтихори тамоми аҳли маорифи вилояти Хатлон гардид, — бо хушнудӣ мегӯяд Зиннатгул Шобалхиева.
Мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода мегӯяд, вақте Мирмуҳсин ба саволҳои пешниҳоднамудаи доварон бо як боварии ба худ хос ҷавоб медод, ба қавле аз хушҳолӣ дар курта намеғунҷидам.
-Ҳангоми посух гуфтан ба суол, яке аз доварон ба Мирмуҳсин гуфт, ки номи кадом шоҳеро хато гуфтааст. Мирмуҳсин ба довар исбот намуд, ки номи шоҳро дуруст гуфтааст ва адабиётеро, ки дар он номи ҳамон шоҳ ба таври гуфтаи ӯ сабт шудааст бо саҳифаи дурусти китоб мисол овард. Аз ин ҷавоби дурусту бо боварӣ пешниҳоднамудаи Мирмуҳсин ҳамаи доварон дар ҳайрат монданд ва ба ӯ аҳсану офарин хонданд. Ин лаҳзаро дида, ашк аз чашмонам ҷорӣ шуду ифтихор аз он доштам, ки омӯзгорони таҷрибадори шаҳри Бохтар ин гуна дурдонаҳоро тарбия намудаанд, — гуфт Шоиста Абдуназарзода.
Мирмуҳсин Мирдодоев мақсад дорад баъди хатми литсей таҳсили худро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар риштаи сиёсатшиносӣ идома дода, соҳиби маълумоти олӣ гардад.
-Мехоҳам миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасонам, ки баҳри мо ҷавонон озмунҳои гуногунро роҳандозӣ кардаанд. Хушҳол аз онам, ки вақти пурқимати худро сарфи мутолиаи китобу асарҳои бадеӣ карда, бо иштирок кардан дар ин озмуни сатҳи баланд ва ба даст овардани Шоҳҷоиза миёни мардум шинохта гардидаам.
Чун Пешвои муаззами миллат пайваста дар ҳар баромадашон қайд менамоянд, ки ҷавонон ояндаи дурахшони миллатанд, талош менамоям, ки муассисаи олиро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, ба халқу Ватани азизи хеш содиқона хизмат намоям, — иброз медорад Мирмуҳсин Мирдодоев.
http://safo-khatlon.tj/…/1781-mirmusin-mirdodoev…